[go: up one dir, main page]

Jump to content

URL

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

URL (Uniform Resource Locator) тарҷума мешавад "Муайянкунандаи умумии манбаъ". URL ин МУМ мебошад. Мазмунан URL ин суроға аст. Аз ин суроға браузер маълумот мегирад, ки кадом файл даркор, ин файл дар куҷо воқеъ ва бо он чӣ бояд кард. Қисми якуми URL нақша (scheme) номида мешавад. Ин қисм ба браузер бо файле, ки онро нусха бардоштанианд, чӣ кор карданро мефаҳмонад. Нақшае, ки бисёртар истифода мебаред http (HyperText Transfer Protocol) аст, ки он барои коркарди Web-саҳифаҳо офарида шудааст. Нақшаҳои дигари маъмул ин https барои Web-саҳифаҳои махфи (secured), ftp (File Transfer Protocol) барои додугирифти файлҳо, mailto барои почтаи электрони ва file барои дастрас намудани файли дар диски локали воқеъ буда мебошанд. Қисми дуюми URL ин номи сервере, ки дар он файл ҷойгир аст. Қисми сеюми URL ин роҳ ба файл аст, ки он дар кадом каталог ва зеркаталог воқеъ будани файлро нишон медиҳад. Қисми чоруми URL ин номи файл аст. Бисёр вақт қисми чорум нишон дода нашуда, URL бо рамзи слэш "/" ба итмом мерасад. Дар чунин ҳолат, браузер файли аз рӯи хомуши муайяншударо (одатан, index.htm, index.html, default.html ё main.htm) инъикос мекунад. Ҳангоми истифодаи нақшаҳои http, https, ftp баъди номи нақша рамзи дунуқта ":", ду слэш "//", номи сервер, слэш "/", номи каталогҳо, ки аз ҳам бо слеш "/" ҷудо шудаанд ва номи файл навишта мешаванд. Ҳангоми истифодаи нақшаи mailto, баъди ин нақша рамзи дунуқта ":" ва суроғаи почтаи электрони навишта мешаванд. URL-ҳо ду намуд мешаванд: мутлақ ва нисби. Дар URL-ҳои мутлақ ҳамаи маълумот: нақша, сарвер, роҳ, файл нишон дода мешаванд. Ин монанд аст ба суроғаи пурраи ягон кас бо нишондоди коди мамлакат, мамлакат, шаҳр, кӯча, бино, хона ва ному насаби шахс.

  • Зуд-зуд мо чунин тарзи нишон додани суроғаро низ истифода мебарем: "ду ҳавли поёнтар", "аз дари сурх чаптар", "баъди ин кӯча". Яъне суроға дар асоси маълумоти дигар (мавқеи ҳозира, мавқеи дар назар дошташуда) дуруст аст. Ҳамин тавр, URL-и нисби мавқеи файлро дар асоси мавқеи файле, ки дар он ин URL-и нисби омадааст, муайян мекунад.
  • Масалан, барои файле, ки бо файли ҷори дар як каталог ҷойгир аст, URL-и нисби ин номи файл аст:

"index.html".

  • Агар файли даркори дар зеркаталоги дохили каталоги файли ҷори ҷойгир бошад, URL-и нисби аз номи зеркаталог, слэш ва номи файл иборат аст:

"IMAGES/myphoto.jpg".

  • Агар файли даркори дар каталоге, ки каталоги файли ҷори дохили он аст, ҷойгир бошад, URL-и нисби аз дуто нуқта, слэш ва номи файл иборат аст:

"../content.htm".

  • Агар файли даркори дар зеркаталоги каталоге, ки каталоги файли ҷори дохили он аст, ҷойгир бошад, URL-и нисби аз дуто нуқта, слэш, номи зеркаталог ва номи файл иборат аст:

"../Chapter2/intro.htm".

  • URL-ҳои мутлақ барои гузариш аз як сайт ба сайти дигар гузаштан қулай мебошанд. Истифодаи URL-ҳои нисби кучонидани Web-саҳифаҳоро аз компютере, ки дар он сайт тайёр карда мешавад ба серверро осон мегардонад.