Азурит
Зоҳир
Азури́т (фр. azur — лазур, лоҷвард) — минералест аз гурӯҳи карбонатҳо. Формулаи химиявиаш Ca3[CO3]2(OH)3. Системаи кристаллбандиаш моноклинӣ. Кристаллҳояш, одатан, кӯтоҳи призмашакл буда, бештар дар шакли хока вомехӯрад. Рангаш нилобӣ, ҷилояш шишагун. Сахтиаш 3,5 – 4; зичиаш 3770 – 3890 кг/м3. Дар минтақаи оксидшавии конҳои мис аз ҳисоби халкоперит, борнит ва дигар минералҳои мисдор пайдо мешавад. Азурит маъдани муҳими мис буда, дар таркибаш 55,3% мис дорад. Аз Азурит ранги нилобӣ низ тайёр мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.