[go: up one dir, main page]

Jump to content

Морхӯр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Морхӯр
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Capra falconeri
Wagner, 1839
Вазъияти ҳифз

Морхӯр[1][2] (форсӣ: مارخور‎) (номи илмӣ: лот. Capra falconeri) — ҷонвари ҷуфтсуми ваҳшиест аз ҷинси бузи кӯҳӣ.

Морхӯр, ки номи ин ҷонвар дар забонҳои форсӣ, урду, пашту, панҷобӣ ва кашмирӣ аст, бархоста аз боварест, ки гӯё ин ҷонвар морҳоро кушта ва онҳоро мехӯрад[3].

Гунаҳои морхӯр

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамакнун 3 гуна аз морхӯр шинохта шудааст[4][5][6]:

  • Capra falconeri falconeriМорхӯри шохпаҳн[4], гунае, ки 2 зергунаро дар бар мегирад: falconeri ё Морхӯри астурӣ[4] ки дар шимоли Покистон ва cashmirensis ё Морхӯри кашмирӣ[4], ки дар шимолу шарқи Афғонистон, шимоли Покистон ва шимоли Ҳиндустон[4] ба сар мебаранд;
  • Capra falconeri heptneri ё Морхӯри тоҷикӣ[4] ё ки Морхӯри бухороӣ[4], ки дар шарқи Туркманистон ва ҷанубу шарқи Узбакистон, сарзамини миёни рӯдҳои Панҷ ва Вахш дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон ва шимолу шарқи Афғонистон[4] ба сар мебарад ва зергунаи ognevi ё Морхӯри туркманӣ[4]-ро дар бар мегирад, ки дар риштакӯҳи Кӯҳитанг[1] зиндагӣ мекунад;
  • Capra falconeri megaceros ё Морхӯри ростшох[4], ки низ 2 зергунаро дар бар мегирад: megaceros ё Морхӯри кобулӣ[4], ки дар шарқи Афғонистон (вилоятҳои Кобул ва Каписо), марказ ва ғарби Покистон[4] ва jerdoni ё Морхӯри кӯҳҳои Сулаймон[4], ки дар марказ ва ғарбии Покистон ба сар мебаранд[4].

Морхӯр дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон як зергунаи морхӯр шинохта шуда аст. Ҷуссааш калон (дарозии наринааш 155 — 170 см, вазанаш 80 — 109 кг; модинааш 140 — 150 см, вазнаш 32 — 41 кг), пойҳои дарози пурқувват, шохи пармашакли вазнин (3735 г) дорад (ҳаҷм ва шакли шохи морхӯр ҳар гуна аст). Рангаш бӯри малла, ашҳабӣ ё хокистарранги сафед. Морхӯри нар «риш» (дарозиаш то 30 см) дорад. Пашми Морхӯр вобаста ба фасли сол тағйир меёбад (зимистон дарози маҳин ва тобистон нисбатан кӯтоҳи тунук мешавад). Даври ҳамлаш 5 — 6 моҳ; 1 — 2 бача (апрел ё июн) мезояд. Морхӯр ҷонвари хоси кӯҳистон (баландиҳои 2000—2800 м аз с. б.) аст. Дар Тоҷикистон фақат дар ҷанубу ғарби кӯҳсори Дарвоз ва Ҳазратишоҳ сукунат дорад. Хӯрокаш алаф ва шоху барги баъзе дарахтон мебошад. Мувофиқи баъзе маълумотҳо саршумори морхӯр дар Тоҷикистон бештар аз 1000 сар нест. Солҳои охир саршумори морхӯр боз ҳам камтар шудааст. Бино ба маълумоти Идораи шикору шикоргоҳҳои Кумитаи давлатии ҷангалдории Тоҷикистон саршумори морхӯр ҳамагӣ 400 сар аст (1984). Сабаби асосии кам шудани морхӯр шикори ғайриқонунӣ, сохтани роҳҳои худравгузар, ҳуҷуми даррандагон ва ғайра мебошад. Барои ҳифозати морхӯр дар Тоҷикистон парваришгоҳи «Дашти Ҷум» бунёд шудааст, ки дар он камобеш 150 сар морхӯр зиндагӣ мекунад. Морхӯр ба «Китоби сурхи байнулмилалӣ», «Китоби сурхи Иттиҳоди Шуравӣ» ва «Китоби сурхи ҶШС Тоҷикистон» дохил шудааст. Шикори морхӯр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1956 то кунун манъ мебошад.

Морхӯри бухороӣ дар Боғи ваҳши Лос Анҷелес
  1. 1.0 1.1 Красная книга СССР: Редкие и находящиеся под угрозой исчезновения виды животных и растений. Том 1 / Главная ред. коллегия: А. М. Бородин, А. Г. Банников, В. Е. Соколов и др. — 2-е изд. — М.: Лесная промышленность, 1984. — С. 78—79. — 392 с.
  2. Банников А. Г., Флинт В. Е. Отряд Парнокопытные (Artiodactyla) // Жизнь животных. Том 7. Млекопитающие / под ред. В. Е. Соколова. — 2-е изд. — М.: Просвещение, 1989. — С. 503—504. — 558 с. — ISBN 5-09-001434-5
  3. Фишер Д., Саймон Н., Винсент Д. Красная книга. Дикая природа в опасности / пер. с англ., под ред. А. Г. Банникова. — М.: Прогресс, 1976. — С. 221. — 478 с.
  4. 4.00 4.01 4.02 4.03 4.04 4.05 4.06 4.07 4.08 4.09 4.10 4.11 4.12 4.13 Castello J. R. (2016) Bovids of the World: Antelopes, Gazelles, Cattle, Goats, Sheep, and Relatives. — Princeton University Press. — Pp. 320—325. — 664 p. — ISBN 978-0-691-16717-6
  5. Michel S., Rosen Michel T. 2015. Capra falconeri. (errata version published in 2016) The IUCN Red List of Threatened Species 2015.
  6. Capra falconeri в книге Don E. Wilson & DeeAnn M. Reeder (editors). 2005. Mammal Species of the World. A Taxonomic and Geographic Reference (3rd ed.), Baltimore: Johns Hopkins University Press, 2 vols. (2142 pp.) ISBN 978-0-8018-8221-0. [1]