Гей-Люссак, Жозеф Луи
Таърихи таваллуд | 6 декабр 1778[1][2] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 9 май 1850[3][4][5][…] (71 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | кимиё ва физик |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | профессор |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Клод Луи Бертолле |
Шогирдон | Théophile-Jules Pelouze[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Жозе́ф Луи́ Гей-Люсса́к (фр. Joseph Louis Gay-Lussac; 6 декабри 1778, Сен-Леонар-де-Нобла (фр. Saint-Léonard-de-Noblat) — 9 майи 1850, Порис) — физикдон ва кимиёшиноси фаронсавӣ, узви АИ Порис (1806) ва узви хориҷии фахрии АИ Петербург (1826).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Мактаби политехникии Порис (1800). Шогирди К. Бертолле. Аз соли 1809 профессор кимиё дар Мактаби политехникӣ ва профессор физика дар Сорбонна (Порис), аз соли 1832 профессор кимиё дар Боғи ботаникии Порис. Жозеф Луи Гей-Люссак соли 1802 (новобаста ба Ҷ. Далтон) қонуни аз ҳарорат васеъшавии газҳо (Қонуни Гей-Люссак) ва соли 1808 қонуни таносуби ҳаҷмро ҳангоми реаксияи байни газҳо кашф кард. Соли 1804 ду бор бо кураи ҳавоӣ парвоз карда, муайян намуд, ки ҳаво дар баландии қариб 7000 м ва дар сатҳи Замин таркиби яксон дошта, шадидият (интенсивият)-и магнетизми Замин чандон тағйир намеёбад. Жозеф Луи Гей-Люссак ҳамроҳи Л.Тенар дар натиҷаи якҷо бо оҳанреза сахт тафсонидани ишқори натрий ва калий ҳосил шудани натрий ва калийи филиззиро ошкор сохт; ангидриди борро бо калий тафсонида, бори озод ҳосил намуд. Бо галогенҳо таҳқиқот анҷом дода, исбот кард, ки хлор ва йод унсурҳои кимиёиянд. Инчунин пайвастҳои йод, бром, фторро ҳосил кард. Ӯ кислотаи тозаи сианидро ҳосил карда (1811), муқаррар намуд, ки он пайвастагии ҳидрогении радикали мураккаби сиан аст; тавассути гарм кардани сианиди нуқра сиан (дисиан) ҳосил кард ва диаграммаи дар об ҳалшавии намакҳоро тартиб дод (1819). Барои сӯзонидани моддаҳои органикӣ оксиди мисро истифода бурда (дар як вақт бо Й. Берселиус ва И. Дёберейнер), усулҳои муайянсозии таркиби пайвастҳои органикиро кашф намуд (1815). Солҳои 1824-32 Жозеф Луи Гей-Люссак усулҳои ҳаҷмии таҳлил (алкалиметрия, асидиметрия ва хлорометрия)-ро такмил дода, дар таҳқиқи кимиёи таҳлилӣ ҷорӣ кард. Соли 1827 дар истеҳсолоти кислотаи сулфат барои нигоҳ доштани оксидҳои нитрогени аз камераҳои сурбӣ беруншаванда манораи махсус («манораи Гей-Люссак»)-ро ихтироъ кард, ки ин манора бори нахуст соли 1824 истифода шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://www.biusante.parisdescartes.fr/histoire/biographies/index.php?cle=6631 (фр.) — BIU Santé.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/louis-gay-lussac (итол.)
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Sycomore (фр.) / Assemblée nationale
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Гей-Люссак Жозеф Луи // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ https://www.mediachimie.org/actualite/les-chimistes-de-napol%C3%A9on
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гей-Люссак / Л. Тӯйчиев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 6 декабр
- Зодагони соли 1778
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 9 май
- Даргузаштагони соли 1850
- Даргузаштагони Порис
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо