[go: up one dir, main page]

Jump to content

Арафур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арафур
?
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Арафур — баҳри канорӣ дар Уқёнуси Ҳинд. Байни Гвинеяи Нав ва ҷазираҳои Танимбар, Кай. Масоҳаташ 1017 ҳазор км², ҳаҷмаш 189 ҳазор км³. Чуқурии миёнааш то 200 м, дар қисми шимолу Ғарб (байни ҷазираҳои Кай ва Ару) чуқурии Арафур 3680 м аст, ки онро «жарфи Ару» меноманд. Халиҷи калонаш — Карпентария дар дарунтари хушкӣ ҷой гирифтааст. Ҷараёни об тобистон аз Ғ. ба Ш. ва зимистон баръакс аст. Ҳарор. миёнаи сатҳи об 25 — 28°С. Шӯрии об 34 — 35 %0. Мавҷҳояш мӯътадил (баландии муқаррариашон 0,5 — 0,6 м, ҳангоми вазиши бодҳои тӯфонӣ 2 — 4 м). То баҳрҳои Банда ва Серами Уқёнуси Ором ба тавассути гулӯгоҳи Торрес ва то Уқёнуси Ҳинд ба воситаи Баҳри Тимор сайрхати обӣ дорад.