UCWeb
Навъ | ширкати тиҷорӣ |
---|---|
Таъсисёбӣ | 2004 |
Бунёнгузорон | He Xiaopeng[d] ва Liang Jie[d] |
Макон | |
Бахш | Интернет |
Ширкати модарӣ | Alibaba Group |
Сайт |
ucweb.com(англ.) uc.cn(чинӣ) |
UCWeb Inc. (боз бо номи UC Mobile низ маъруф аст) — шикарти чинӣ дар соҳаи Интернет, ки маҳсулот ва хизматрасониҳоро, аз ҷумла браузери мобилӣ, хабарҳо ва ҷустуҷӯ пешниҳод менамояд.
UCWeb дар соли 2004 чун истеҳсолгари браузерҳои мобилӣ таъсис ёфта; дар даҳсолаи охирин дар соҳаҳои гуногун, ба монанди ҷустуҷӯи мобилӣ, бозиҳои мобилӣ, хониш аз дастгоҳи мобилӣ ва ғ. паҳн шуд. UC Browser-и ширкат шӯҳратмандтарин дар Чин ба ҳисоб рафта тибқи таҳқиқоти iResearch 66%-и бозор ба он рост меояд. Тибқи маълумоти StatCounter, ин инчунин браузери № 1 дар Ҳиндустон бо соҳибии 34%-и бозор ба ҳисоб меравад. Ба 11 забон (англисӣ, ҳиндӣ, русӣ, индонезӣ, ветнамӣ ва ғ.) ва дар ҳама платформаҳои асосии СО мобилӣ (iOS, Android, Windows Phone, Java ME, Blackberry и т. д.) дастрас аст. Браузер ба туфайли технологияи фишурдани маълумот ва системаи абрӣ аз боркунии сареъи саҳифа ва истеъмоли иқтисодии маълумот ифтихор мекунад. То моҳи марти соли 2014, UC Browser дар саросари ҷаҳон беш аз 500 миллион корбар дорад.[1] Бойгонӣ шудааст 19 май 2021 сол.