Ҷаҳаннам
Ҷаҳа́ннам, дӯзах (ар. جهنم) — дар истилоҳи диншиносӣ ҷоест пур аз азобу оташ, ки барои кофирон ва гунаҳкорон пешбинӣ шуда, пас аз барпо шудани қиёмат дар он афканда мешаванд ва сазои аъмоли бади дар дунё анҷомдодаи худро мебинанд. Баъзе гунаҳкорон ва муҷримон, ки гуноҳашон поёнтар аз куфр ва ширк бошад, пас аз муддате сӯхтан ва шиканҷа шудан дар он ва ё мавриди афв қарор гирифтан аз он берун карда мешаванд, вале худи дӯзах манзилгоҳе абадӣ ва фанонашаванда аст.
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар забони порсӣ барои вожаи арабии ‘ҷаҳаннам‘ баробари ‘дӯзах‘ ба кор меравад. Аммо аз нигари боварӣ ин ду вожа бисёр аз ҳам дуранд. Дар Фарҳанги Деҳхудо дарояи ‘ҷаҳаннам’ чунин аст:
Ҷаҳаннам: … соҳиби Куллиёт гӯяд: аҷамӣ ва гӯянд форсӣ ва гӯянд ибронӣ аст ва асли он ‘гаҳанном’ аст (Ақраб-ал-маворид)...аз ибрии ҷеҳиннун (gehinnon)
Ба навиштаи Фарҳанги решашиносӣ, вожаи ‘ҷаҳаннам’ аз ‘Ге-ҳиннум (Ge Hinnom)’ дар ибрӣ омадааст, ки худ дар асл Ge Ben-Hinnom будааст ба маънои ‘дараи писарони Ҳиннум’. Дар китоби Эрмиёи набӣ (Jeremiah) ‘панҷ бор аз ин дара ном бурда шуда ва гуфта шуда, ки ин дара дар даврони бостон дар ҷануби ғарбии шаҳри Уршалим қарор доштааст. Ва иброниён дар ин дара нахустин писар ё духтари худро барои худое ба номи Мулух (Moloch) қурбонӣ мекарданд. Номи ин худо низ гӯё гунаи дигаре аз ‘Милих’-и ибрӣ ё ҳамон ‘малик’-и арабӣ ба маънои ‘шоҳ’ бошад. Ба нивиштаи ‘Фарҳанги Китоби муқаддас (Dr. William Smith’s Bible Dictionary, 1901) дарояи Hinnom, номи ин дара нахустин бор дар китоби ‘Яшуъо (Joshua)’ дар тавсифи марзҳои шаҳри Уршалим ба кор рафтааст. Сулаймон, подшоҳи яҳуд, ҳам барои ‘Мулух’ маъбаде сохт.
Аммо дар давраҳои сипасини зиндагии иброниён, ин дара ва расми қурбонии фарзандон дар он накӯҳиш шуд ва бори маъноии манфӣ ёфт. (Ин дигаргунии бовар ва накӯҳиши қурбонии фарзанди нахуст барои худоён дар достони Иброҳим ва қурбонӣ кардани Исмоъил ва падид омадани гӯспанд бознамуда шудааст).
Дар даврони зиндагии Исои Масеҳ дараи Гаҳаннум ба зуболадон ва чолоб (cesspool) ва маркази дафъи олудагиҳои шаҳр табдил шуда буд ва ҳар аз гоҳе барои покиза кардани он, дар он оташи бузурге барпо мекарданд. Дар мавъизаҳои Исои Масеҳ чанд бор ишора шудааст, ки гунаҳкорон дар ‘ҷаҳаннам’ азоб хоҳанд шуд. (Матто фасли 5 банди 29, фасли 10 банди 28, фасли 23 банди 15, Мурқус фасли 9 банди 43, Луқо фасли 12 банди 5).
Ин ном дар забони юнонӣ ба сурати ‘γέεννα’ (ба хати лотин Ge’enna) даромад ва аз онҷо ба сурати ‘Gehenna’ ба забони лотин аз лотин ба забони инглисӣ ва дигар забонҳои урупоӣ ворид шуд. (Торихи вуруди ин вожа ба забони инглисӣ даҳаи 1620-и милодӣ / 1000-и хуршедӣ) будааст[1].
Ҷаҳаннам дар бовари яҳудиёну масеҳиён ва мусалмонон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷаҳаннам бештар бо оташ ва сӯхтану гармои шадид ҳамроҳ аст. Дар бовари бештари яҳудиён гуноҳкорон танҳо муддате кӯтоҳ (12 моҳ) дар оташи ҷаҳаннам месӯзанд, ҳарчанд гурӯҳи кӯчаке аз онон бовар доранд, ки ҷаҳаннам ҷовид аст. Дар бовари масеҳиён низ ҷаҳаннам даврони ҷовид аст. Дар бовари мусалмонон ҳам бархе гуноҳкорон аз гузарондани муддате дар ҷаҳаннам покиза мешаванд ва ба биҳишт мераванд ва бархе ҳам ҷовидона дар ҷаҳаннаманд (фиҳо холидун = дар он ҷовидонаанд).
Ҷаҳаннам ба ақидаи ҳамаи адён ҷое дар ҷаҳони дигар, ки базаҳкоронро ба анвоъи уқубат кайфар диҳанд[1].
Васфи ҷаҳаннам дар Қуръон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷаҳаннам дар Қуръон ва Суннат, ба хусус дар сураҳои маккӣ васфҳои мухталиф ва ҳавлангезе аз он ва азоби он омадааст. Тибқи омӯзаҳои исломӣ ҷаҳаннам аз ҳафт табақа ва ё манзилгоҳи болои ҳам иборат ва азоби ҳар табақаи он аз табақаи болояш сахттар аст. Ҷойгоҳи мунофиқон поёнтарин табақаи он – Дарки асфал бошад. Ҳар кадоме аз табақоти ҷаҳаннам даромадгоҳи хоссе ва дар умум 19 фариштаи қавӣ ва дуруштпайкар бар он назорат мебаранд ва ба нигаҳбонон ва хазонадорони дӯзах фариштае бо номи Молик роҳбарӣ мекунад. Аҳли дӯзах нахуст ба нигаҳбонони он мегӯянд, ки аз Худо бихоҳанд, то азобро каме аз онҳо тахфиф намояд: «Ва онҳое, ки дар оташанд, ба хозинони ҷаҳаннам гӯянд: Аз Парвардигоратон бихоҳед, то рӯзе аз азобро аз мо тахфиф намояд» (Ғофир, 40: 49) ва чун ҷавоби рад мешунаванд: «(Ба онҳо) гӯянд: Оё фиристодагони шумо бароятон далелҳои равшане наоварда буданд!? Гуфтанд: Оре. Гӯянд: Пас (худатон) дархост намоед ва дархости кофирон ҷуз дар табоҳӣ ва бе асар набошад» (Ғофир, 40: 50), бо ҳасрату надомат ба сардори онҳо – Молик муроҷиат кунанд ва аз Худованд ба воситаи ӯ нобудии худро бихоҳанд: «Ва нидо диҳанд, ки эй Молик, (бигузор) Парвардигорат моро аз байн бибарад! (Ба онҳо) гӯяд: Шумо ҳатман, дар он мондагоред!» (Зухруф, 43: 77).
Ҳафт табақоти ҷаҳаннам
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи даракоти сабаъаи (табақоти ҳафтгонаи) он чунин аст[1]:
- Ҷаҳаннам, ҷои аҳли кабоир, ки бе тавба мурдаанд
- Лазо, ҷои ситорапарастон
- Ҳутама, ҷои бутпарастон
- Саъир, макони Иблис ва мутатобеъони ӯ
- Сақар, ҷои тарсоён
- Ҷаҳим, маҳалли мушрикон
- Ҳовия, манзили мунофиқону зиндиқону куффор
Оташи ҷаҳаннам
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар пояи таълимоти динӣ ҷаҳаннам ҷойгоҳи абадии кофирон ва аҳли шақо аст, ки дар баробари куфру инод, нафсонияти бад, андешаи каҷ ва забонаҳои тағйирнопазири ботини онҳо барояшон пешбинӣ шудааст. Оташи ҷаҳаннам ҳам дар таркиби сӯхту ҳема ва ҳам дар хавосси худ аз оташҳои дунё фарқ дорад. Аҳли оташ дар он на ба куллӣ сӯхта нобуд мегарданд ва на аз он берун меоянд (87: 13; 5: 37; 22: 22; 32: 2). Нуқтаи дарки дарду алам ва бофтаҳои интиқолдиҳандаи он ба маркази асаб (рецепторҳо=экстероцепторҳо ва интероцепторҳо) дар ҷисми инсон асосан дар қабати пӯст ва зери он ҷойгир шудаандӯзах Қуръони карим хабар медиҳад, ки вақте пӯст ва қабати бофтаҳои зери он дар ҷисми дӯзахиён мепазад ва дигар дарду аламро ҳис намекунад, Худо ба онҳо пӯсти нав медиҳад, то азобро дубора ҳис намоянд (Нисо, 4: 56).
Аҳли дӯзах дар Қуръон 19 бор бо номи асҳоби нор ва 14 бор бо номҳои дигар зикр шудаанд, ки ҳама ба гунае хорӣ ва нагунбахтии онҳоро дар охират ифода мекунад, ба монанди: асҳоби ҷаҳим (6 бор), асҳоби саъир (оташи тафсон, 3 бор), асҳоби шимол (2 бор) ва асҳоби машъама (3 бор).
Тибқи омӯзаҳои исломӣ тақсимбандии мардум ба ду гурӯҳи хушбахтон ва тирабахтон ва пешбинии ҷойгоҳи муносиби ухравӣ барои ҳар кадоми онҳо айни ҳикмати илоҳӣ ва тақозои адолати азалии Худованд аст. Бовар ба ҷазои аъмол дар охират ва эътиқод ба абадияти аҳли шақо дар дӯзах ҳарчанд дар таълимоти қуръонӣ ба таври мушаххас ва ба дур аз ҳар гуна афкори хурофие баён гардида ва имон ба он аз рукнҳои ақида ба шумор равад ҳам, вале қабули фалсафаи он ба ҳайси фароянди эътиқодӣ ба фарҳанги исломӣ маҳдуд намебошад, балки он дар зимни тамоми консепсияҳои динӣ ва таълимоти осмонӣ ва ҳатто дар маҷмӯаэътиқодоти таҳрифгаштаи тамаддунҳои бостонӣ муҳимтарин асли ақидатӣ ба шумор меравад.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Вожашиносӣ: ҷаҳаннам ва дӯзах(тоҷ.), Порсӣ анҷуман (11 августи 2014). Проверено 20 июни 2017.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- .؛ دائرة المعارف بزرگ اسلامی – تهران، 2006
- الموسوعة العربیة العالمیة [Global Arabic Encyclopedia] النسخة البریدیة. – الریاض، 2004
- اسماعیل بن عمد بن کثیر الدمشقی، تفسیر القرآن العظیم المعروف بتفسیر ابن کثیر. – الریاض، 2004
- محمد بن جریر، جامع البیان فی تاویل القرآن المعروف بتفسیر الطبری. – القاهرة، 2007.
- دائرة المعارف فارسی، 1. تهران، 1387 ش.
- صحیح مسلم. – الریاض، 1419 هـ/1998 م