[go: up one dir, main page]

Jump to content

Ҷиноят

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷиноят - амали (ҳаракат ё беҳаракатии) гунаҳкорона содиршудаи барои ҷамъият хавфноке, ки Кодекси ҷиноятии ҶТ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ки яке аз намудҳои Ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.

Ҳуқуқвайронкунӣ аз нигоҳи сатҳи хавфнокии ҷамъиятӣ ва зарари иҷтимоӣ ба ду намуд ҷудо мешавад:

  1. ҷиноят - амали (ҳаракат ё беҳаракатии) гунаҳкорона содиршудаи барои ҷамъият хавфноке, ки Кодекси ҷиноятии ҶТ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст;
  2. кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ - ҳуқуқвайронкуниҳое, ки муносибатҳои идоравӣ, меҳнатӣ, молумулкӣ ва дигар муносибатҳоро халалдор мекунанд ва сатҳи хавфнокиашон аз ҷиноят пасттар аст.[1]
  1. Ҷиноят — кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфнокест, ки КҶ ҶТ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст.

Таърифи додашудаи ҷиноят хусусияти расмиву модцӣ дорад, чунки ҳам аломати расмй (кирдори бо қонуни ҷиноятй манъкардашуда) ва ҳам аломати моддиро (барои ҷамъият хавфнок) пешбинй менамояд. Ҷиноят дорои чунин аломатҳо мебошад;

  • барои ҷамъият хавфнок;
  • зиддиҳуқуқӣ;
  • гуноҳ;
  • ҷазо.

Аломатҳои ҷиноят мазмуни онро тавсиф дода имконият медиҳанд, ки ҷиноят аз дигар ҳуқуқвайронкуниҳо фарқ карда шавад. Ҷиноят, пеш аз ҳама, кирдор буда, дар шакли ҳаракат ё беҳаракатй ифода меёбад. Шахс бояд имконияти дарк намудани мазмун ва аҳамияти кирдори худро дошта бошад. Кирдори шахс бояд бошуурона, иродавй, ихтиёрӣ ва мақсаднок содир шавад. Танҳо кирдоре ҷиноят эътироф мешавад, ки барои ҷамъият хавфнок бошад. Ба ҷамъият хавфнок будан яке аз хусусиятҳои асосии иҷтимоии (моддии) ҷиноят ба ҳисоб меравад.[2]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 521
  2. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 557