[go: up one dir, main page]

Jump to content

Табъиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Табъиз (ар. تبعیض‎) — дар истилоҳи дониши ҷомеашиносӣ, мавқеияте аст, ки афрод дар баробари нақшҳо ва мавқеиятҳои баробар аз табақаи иҷтимоъии нобаробар бархурдор мешаванд ва бархе бар дигарон ва бадуни бартарӣ доштан, бартаӣ дода мешаванд.

Ҳамчунин ҳолате, ки вижагиҳо ва меъёрҳои интисоби мабнои тавзеъ қудрат ё сарват қарор гирад, табъиз номида мешавад. Дар шароити табъиз, фурсати таҳарруки иҷтимоӣ яксон барои афрод вуҷуд надорад ва афрод дар омӯзиш ё интихоби шуғл шароити нобаробаре доранд. Аз авомиле, ки ба рушди табъиз дар ҷомеа кумак мекунад, ҷудоигузинии маконии афроди ҷомеа аст. Табъизи нажодӣ, табъизи ҷинсӣ, табъизи мазҳабӣ ва табъизи синнӣ аз навъҳои роиҷи табъиз ҳастанд. Табъиз, интисобгароӣ аст ва зидди шоистасолорӣ ва гунае ситамкорӣ аст.