[go: up one dir, main page]

Jump to content

Шӯразор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шӯразор, ё шӯразамин, шурзамин — заминест, ки дар натиҷаи шурзании хоки дашт, биёбон, нимбиёбон ва ғайра (ҳангоми аз сатҳи замин буғ шудани обҳои зеризаминӣ намакҳо ба қабатҳои болоии хок мебароянд) пайдо шудааст.

Шӯрзамин аз қабатҳои намак (норм, софолак ва ғайра), гумус (хеле нам), ҷинси намакдор ё қабати обнигаҳдор иборат аст. Шӯрзамин ба миқдори зиёд (аз 1—3 % то 10—15 %) намакҳои зудҳалшаванда дорад. Дар СССР шӯрзамин асосан дар ҳамвориҳои Наздикаспий, Қрими Шимолӣ, Қазоқистон, Осиёи Миёна мавҷуданд. Намаки шӯразаминро бо роҳи шуршуӣ ва паст нишондани обҳои зеризаминӣ (тавассути заҳбур) бартараф мекунанд. Дар он зироати гуногуни ба ҳамон маҳал мутобиқро мекоранд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]