[go: up one dir, main page]

Jump to content

Озодии афкор ва сухан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Озодии афкор ва сухан - яке аз ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар Конститутсияи ҶТ (моддаи 30) ва дигар қонунҳои ҷорӣ муқаррар шуда, аз тарафи давлат кафолат дода шудааст. Озодии афкор ин озодии конститутсионӣ ба шумор рафта, хусусияти хоси худро дорад. Барои амалӣ гаштани озодии афкор якчанд омилҳои асосӣ зарур мебошад:

Якум, дар ҷамъият муҳити мусоид барои шахс ба вуҷуд овардан зарур аст, ки ӯ озодона бетаҳдид ва аз ҳар гуна ақидаҳо озод фикр ронда тавонад. Ҳатто ҳаракати ҳар як шахси ҷудогона ягон хавфу хатари сиёсӣ, ё ин ки ягон шубҳаеро наоварда, ҳамчун тарзи ҳаёти одамон гардад.

Дувум, озодии афкор ин ифодаи амалӣ буда, ба воситаи озодии сухан иҷро мегардад. Аммо сухан танҳо яке аз воситаҳои баёни ақидаҳои инсон мебошад. Шахс метавонад бо дигар воситаҳо афкори худро ифода кунад (масалан, ба воситаи мактуб, ба воситаи нақш офаридан ва ғайраҳо).

Сеюм, озодии афкор ба тариқи истисно яке аз воситаи таъсиррасонии психотропии шуури одам ҳам шуда метавонад.

Озодии сухан воситаи озодона дар пеши мардум ақидаҳои худро баён намудан ба таври расмӣ ва ё муқаррарӣ ба шумор меравад. Озодии сухан одатан дар воситаҳои ташвиқоту тарғибот истифода шуда, шахс метавонад, ки онро ба мақсади муайян ва расман баён намояд, аз ҷумла ақидаҳои сиёсӣ, динӣ ва ғайраро. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 8) баъзан маҳдудияти озодии сухан муқаррар карда шудааст. Масалан, дар Конститутсия гуфта шудааст, ки «таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки нажодпарастӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун карда, ташкилотҳои тиҷоратӣ, ба истиснои корхонаҳои воҳид ва намудҳои дигари ташкилотҳои дар қонун зикрёфта метавонанд бо ҳама гуна фаъолияте машғул шаванд, ки қонун манъ накардааст." Меъёрҳое, ки озодии фаъолияти соҳибкориро кафолат медиҳанд, дар ҳамаи қонунҳо оид ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва шаклҳои ташкилию ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ дарҷ шудаанд.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 365-366