Гулоб
Гулоб (форсӣ: گلاب) — оби муаттари як навъ гули садбарг, ки ба воситаи анбиқ ҳосил мекунанд.
Аз гулоб бештар шарбатеро тайёр карда менӯшанд, ки қандгулоб ном дорад. Гулоб дар Эрон, Покистон, Бангладеш, қисман дар Ҳиндустон, баъзе мамолики араб ва дар аксар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ аз замонҳои хеле қадим (ҳазорсолаи якуми то м.) маъмул аст. Муаллифони китобҳои тибби қадим гулобро тавсиф карда, аз манфиат ва ҳикмати он сухан рондаанд. Мас., дар «Эҳёу-т-тибб»-и Субҳонӣ чунин гуфта мешавад: «Накутарини он тез ва хушбӯй бувад; муқаввии димоғ ва мусаккини судоъ бошад; тақвияти дил ва меъда кунад, лиса (вора)-ро сахт гардонад, дарди чашм сокин созад. Хӯрдани он бемориҳои нафсуддам, хафақони гарм ва ғаширо нофеъ бувад, чун бар сар резанд, хуморро сокин кунад, ба мӯй бисёр моланд, сафед гардонад».
Гулобро ҳамчунин дар қаннодӣ ба кор мебаранд. Мас., онро ба нишолло, мураббои сабзӣ, лавз ва ғ. меандозанд, ки хеле хушбӯй мекунад. Тарзи тайёр намудани гулоб чунин аст: субҳдам, пеш аз баромадани офтоб, гулҳои навшукуфтаи садбарги хушбӯи маҳаллиро чида, як шабонарӯз дар соя мегузоранд, пас баргҳоро ҷудо карда мегиранд. Обро дар анбиқ, ҷӯшонда, барги гулҳоро ба он меандозанд ва 2-3 дақ. меҷӯшонанд. Агар сатҳи об аз гулҳо паст бошад, боз қадре об меандозанд, то ки баргҳо пӯшида гарданд. Баъд аз он сарпӯши анбиқро гузошта, давродаври онро бо хамир мебанданд ва дар оташи паст 1,5-2 соат меҷӯшонанд. Аз мили анбиқ қатраҳои гулоб мечакад, ки дар зарфҳо гирифта даҳонашонро мебанданд (бояд ҳаво надарояд). Ҳамчунин боз чанд навъи дигари гулобкашӣ маълуманд. Гулобро дар гулобдон ва гулобпош ном зарфҳои махсус нигоҳ медоштанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулоб / И. Раҳматов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.