[go: up one dir, main page]

Jump to content

Вулкон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вулкон
лот. Vulcanus
Мифология ancient Roman religion[d] ва Roman mythology[d]
Пол мард
Отец Jupiter[d]
Мать Juno[d]
Супруг(а) Венера (асотир)
Дети Caeculus[d]
В иных культурах Ҳефоэстус[1] ва Vulcan[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вулкан (лот. Vulcanus ё лот. Volcanus) — дар асотири Руми Қадим худои оташ ва ҳомии оҳангарон.

Вулкан баъд аз мудохила дар низоъҳои хонаводагӣ аз ҷониби падараш Юпитер аз осмон ба замин афканда шуд. Вулкан бар асари афтодан як пояш ланг шуда, қарор дод, ки тамоми умр дар кӯҳи Этна зиндагӣ карда, дигар ба кӯҳи муқаддаси Олимп барнамегардад. Дар Этна Вулкан бо дастёрии Сиклоп маркази оҳангарӣ бунёд карда, аз филиззоти гуногун барои падараш-Юпитер силоҳе сохт, ки шабеҳи барқ буд. Вулкан баъди дарёфти ризояти худоён ва афви гуноҳаш аз ҷониби падар ба Этна баргашт. Дар Руми Қадим оҳангарон ва ҳунармандон дар симои Вулкан ҳомии худро дарёфта, ба шарафи ӯ дар Капитолий ҷашнеро бо номи Вулканалия (ҳар сол 23 август) баргузор мекарданд. Дар мусаввараҳо Вулкан ҳамчун шахси кӯтоҳқад, як пояш аз пойи дигар кӯтоҳ, дар сараш кулоҳ, бо либосҳо ва олоти ҳунармандӣ нақш меёфт. Вулкан бо илоҳаи Юнони Қадим Гефест ва дар асотири мардуми ориёӣ бо эзадон Агний ва Огар айният дорад.

  1. Hughes J. (unspecified title)The Book People, 1995. — С. 215.