[go: up one dir, main page]

Jump to content

Волластонит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Волластонит
Формула CaSiO3
Физические свойства
Цвет Белый, серый, бесцветный
Цвет черты Белая
Блеск Стеклянный
Прозрачность Полупрозрачный — просвечивающий
Твёрдость 4,8 — 5
Спайность совершенная по {100},
хорошая по {102} и {001}
Плотность 2,78 — 2,91 г/см³
Сингония Триклинная (примитивная)

Волластони́т — минерал аз синфи силикатҳо, силикати табиии калсий, формулаи кимиёиаш Ca3(Si3O9).

Дар таркиби волластонит 48,3 % оксиди калсий (CaO), 51,7 % дуоксиди силитсий (SiO2), баъзан то 9 % оксид (II)-и FeO мавҷуд аст. Волластонит дар об ва ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал намешавад, вале бо кислотаи хлорид ба реаксия дохил мешавад. Шӯшабандиаш триклинӣ. Кристаллҳояш тахта-тахтаи тунуки ҳамвор. Рангаш сафед, хокистарӣ, баъзан гулобӣ. Ҷилояш шишамонанд, нимшаффоф. Сахтиаш 4,8-5, зичиаш 2,78-2,91 г/см3. Гусехташ комил. Волластонит дар натиҷаи дигаргунӣ (метаморфизм)-и ҳамбарӣ ва қаърии оҳаксангҳо ба вуҷуд омада, ҳамроҳи пироксен, беҷода, амфибол, калсит, кварс ва ғ. вомехӯрад. Волластонитро дар Хитой, Ҳиндустон ва Финляндия истихроҷ мекунанд. Захираҳои он дар Сербия, Русия, Австралия ва Юнон ёфт шудаанд. Дар ҷаҳон соле тақр. 600—1000 т волластонит истеҳсол мекунанд. Дар Тоҷикистон дар конҳои скарнии қ-кӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Қурама, кӯҳҳои Помир вомехӯрад. Волластонит барои тайёр кардани оиқҳо (изоляторҳо), пахтаи минералӣ, пластмассаҳо, истеҳсоли сафол, филиззоти ранга, дар саноати асбесту семент, локу ранг, тайёр кардани баъзе қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо, пӯшишҳои зангназананда ба кор меравад. Волластонит барои ҳавоногузар кардани иншооти зеризаминӣ минерали беҳамтост.

  • Геологический словарь. Т. 1. М., 1983;
  • Минеральные ресурсы России. М., 1999;
  • Семёнов Е. И. Минералогический справочник. М., 2002;
  • Ҷанобилов М. Бунёди заминшиносӣ. Д., 2012.