[go: up one dir, main page]

Jump to content

Боднамо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боднамои стандарт

Боднамо, флюгер (ҳол. Vleugel) — абзорест, ки ҷиҳати вазиши бодро нишон медиҳад.

Боднамое, ки ҳам самт ва ҳам суръати бодро муайян мекунад, боднамои Вилд номида мешавад. Боднамо аз байрақи филиззие иборат аст, ки дар меҳвари амудӣ мустаҳкам карда шуда, таҳти таъсири бод чарх мезанад. Порсанги байрақ ба самти вазидани бод равона карда шудааст. Самти бодро аз рӯйи штифтҳои уфуқӣ, ки ба самти ҳашт румб мувофиқ карда шудааст, муайян мекунанд. Дар боднамоҳои ҳозиразамон ин вазифаро асбоби электронӣ (энкодер) иҷро мекунад. Дар боднамо ба самти бод амудӣ лавҳачаи филиззӣ гузошта мешавад, ки бо таъсири фишори бод ба ягон кунҷ майл мекунад. Суръати бодро бо м/с чен мекунанд. Боднамо дар нӯги сутуни баландиаш 10–12 м устувор карда мешавад. Боднамо аксар вақт чун унсури ороишии хона ва воситаи ҳифзи дудбаро аз раванди вазидани баръакси дуд истифода мешавад. Яке аз боднамоҳои таърихӣ – «Киштича» дар шоҳтири Адмиралтействои Санкт-Петербург (72 м) мебошад, ки ҳамчун рамзи шаҳр машҳур аст.