Барнаул
Шаҳри Русия | |||||
Барнаул | |||||
|
|||||
Кишвар | Русия | ||||
Вилоят | Вилояти Олтой | ||||
Мэр | Q23655943? | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | соли 1730 | ||||
Аввалин номбарӣ | 1730 | ||||
Масоҳат | 322,01 км² | ||||
Баландии марказ | 180 ± 1 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+07:00[d] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | 635 585ҳ нафар тан | ||||
Забони расмӣ | русӣ | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 3852 | ||||
Нишонаи почта | 656000–656999 | ||||
barnaul.org(рус.) | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Барнаул (русӣ: Барнаул) — шаҳр дар Федератсияи Русия, маркази маъмурии кишвари Олтой (аз соли 1937). Дар ҷануби Сибири ғарбӣ, дар ҷои якшавии дарёи Об ва дарёи Барнаулка воқеъ аст. Мақоми шаҳр аз соли 1771.
Аҳолиаш 635 585[1] нафар, бо сокинони атрофаш 776,1 ҳазор нафар (2012). Масоҳаташ 321 км2. Маркази роҳи оҳан, бандари дарёӣ ва аэропорти байналмилалӣ дорад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар солҳои 30 садаи XVIII таъсис ва соли 1971 ба шаҳр табдил ёфтааст. Аз соли 1822 маркази округи Олтойи кӯҳист. Дар нимаи дуюми садаи XIX Барнаул маркази бузургтарини Олтой ба ҳисоб мерафт. Саноати косибӣ, ордкашӣ, чармгарӣ ва истеҳсоли пӯстинҳои гӯсфандӣ тараққӣ карда буд. Аз соли 1917 маркази Губернияи Олтой. Соли 1930 дар Барнаул нахустин дар Сибир комбинати истеҳсоли газвори пахтагин сохта шуд, ки дар он асосан пахтаҳои Осиёи Миёна коркард мешуд. Дар давраи ҶБВ (1941–1945) корхонаҳо аз ноҳияҳои ғарбӣ кӯчонда шуданд.
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Барнаули имрӯза маркази муҳимми саноати мошинасозӣ, кимиё, саноати сабук ва маркази мадании Сибири Ғарбӣ аст. Истеҳсоли дегҳои буғӣ барои нерӯгоҳҳои барқӣ, таҷҳизот барои саноати истеҳсоли нафт, дизелҳо, дастгоҳҳои филиззбурӣ, таҷҳизоти механикӣ ва радиотехникӣ ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои калони таъмири қатора, киштӣ, фабрикаи гӯгирд, комбинатҳои резин, нахи сунъӣ ва бофандагӣ дорад. Тибқи нақша соли 1785 Барнаул мунтазам тараққӣ мекард, биноҳои муҳташами чӯбин қомат афрохта, сохилҳо мустаҳкам карда мешуданд. Дар садаи XIX маҷмӯи майдони Демидов, бинои заводи нуқрагудозӣ, табобатгоҳи ҳарбӣ (госпитал) (1819–1940), матбаа (1824), театр, ташхисгоҳ (1840), омӯзишгоҳи кӯҳӣ сохта шуданд.
Маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Айни замон дар Барнаул Донишгоҳи Олтой, донишгоҳҳои техникӣ, кишоварзӣ, тиббӣ, педагогӣ, Донишкадаи санъати Олтой, театрҳои мухталиф, филармония, қасри варзиш, осорхонаи
Матбуот
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Барнаул 6 нашрияҳои чопии бузург, аз ҷумла «Алтапресс» фаъолият дошта, ба нашри мунтазами рӯзномаву маҷаллаҳо чун «Свободный курс», «Купи-Продай», «Молодёжь Алтая», «Вечерный Барнаул», «Маркер-Экспресс», «Автограф», «Монитор+», «Алтайская правда» мусоидат мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барнаул дар Викианбор | |
Барнаул дар Викиахбор |
- Официальный сайт города Барнаула
- Барнаульская городская дума
- Электронная карта и справочник города Бойгонӣ шудааст 14 феврали 2014 сол.
- 3D панорамы улиц города Барнаула
- Архитектура Барнаула
- Первая женская гимназия Барнаула Бойгонӣ шудааст 4 марти 2012 сол.
- История Алтая: Просвещение Бойгонӣ шудааст 30 апрели 2011 сол.
- Барнаул с высоты 10 этажа. Фоторепортаж
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барнаул // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |