[go: up one dir, main page]

Jump to content

Балила

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Балила
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Балила (лот. Terminalia chebula) — дарахтест хазонрез.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар­гаш байза ё нештаршакли нӯгтез (муқобили якдигар ҷойгир шудаанд), гулаш майда, мевааш байзашакл; 20–46% моддаҳои даббоғӣ, туршӣ ва зифт дорад. Дар тибби халқӣ меваи Б.-ро чун давои рафъи ихтилоли меъдаву рӯда ва исҳоли хунин истифода мебаранд. Дар китобҳои тибби қадим (мас., аюрведӣ, тибетӣ ва ғайра) оид ба пайдоиши Б. (ба санскритӣ – харитакӣ) қиссаҳои гуногун ҷой доранд. Табибони ҳиндию тибетӣ бо меваи Б. сурфа, зиқи нафас, гирифтагии овоз, ҳикак, қай, бавосир, исҳол, бад­гуворишӣ, қабзият, дамиши шикам, амрози ангалӣ, омос­ҳои гуногун, бемориҳои дил ва сипурз, пӯст, варам, ихтилоли асабия ва ғ-ро табобат мекунанд. Б. дар тибби аюрведию тибетӣ «шоҳи до­ру­­ҳо» номида шудааст. Му­­во­­фиқи таълимоти онҳо, дар кадом қисми организм чӣ гу­на беморие, ки пайдо шавад, Б. табобат мекунад, ба ҷисму рӯҳ қувват мебахшад, кори мағзи сарро беҳтар мекунад, хотираро қавӣ мегардонад. Дар таркиби Б. ан­тиокси­дантҳои табиии пурзӯре мавҷу­данд, ки ба рагҳо устуворӣ бахшида, хунравиро бозмедоранд.