[go: up one dir, main page]

Jump to content

Бек

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бек, бег, бий (турк. бәй, bəy — ҳукмдор, ҷаноб) — унвони ашрофи қавм, баъдтар феодалҳои мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна.

Бек (ҳукмдор, ҷаноб, унвони пасттар аз амир, бий, бег):

  • яке аз рутбаҳои олӣ дар Аморати Бухоро, сардори қабила ва қавму қабилаҳои турктабор. Дар қадим вакилони қисми ҳарбиеро, ки дар хидмати хон буданд, низ бек меномиданд. Онҳо имтиёзи бисёре доштанд ва табақаи олии ҳарбиро ташкил медоданд. бекҳоро амир таъйин мекард ва онҳо ба хидмати ҳукумати марказӣ тобеъ буданд;
  • дар хонигарии Мовароуннаҳр бек унвони фахрии ба фарзандони арбобони давлатӣ, хешовандони наздик ва зодагон эълоншударо ифода мекард. Фарзандони бекро «бекзода» меномиданд ва онҳо аз давраи ҷавониашон тарбияи ҳарбию сиёсӣ мегирифтанд. Ҳамчунин онҳо дар рӯҳияи идора кардани мамлакат, баргардондани ҳуҷуми душман ва рушду инкишофи мамлакат кӯшиш ба харҷ медоданд;
  • дар байни халқҳои турки Моварои Қафқоз дар асрҳои миёна ва замони муосир бек соҳиби замин, унвони мулкдор маҳсуб мешуд;
  • дар Шарқи Миёна ва Наздикунвони соҳибони замин;
  • дар салтанати туркҳои Усмонӣ ҳокими вилоят (санжоқ)-ро бек меномиданд. Дар асрҳои 19–20 унвонҳои дар боло номбаршударо, ки ба туркҳо эъмол шуда буд, бекор карданд ва аз нимаи дуюми садаи XIX фақат дар шакли муроҷиат боқӣ монд. Дар таркиби номҳои форсию тоҷикӣ рутбаи бек ва бий ба таври васеъ истифода шудаанд;
  • дар баъзе маҳалҳои Эрон сардори қабиларо бек меноманд;
  • Дар Тунис солҳои 1705–1957 унвони бек ба шаҳзодагони валиаҳд дода мешуд.

Бегим — шакли занонаи бег - бегим (дар Могҳали Ҳиндустон "бегам") аз истилоҳи бегими туркӣ - ҳамчун “хонум”, “ малика” мебошад.[1]

  1. Beg(тоҷ.). www.iranicaonline.org. 15 марти 2020 санҷида шуд.