[go: up one dir, main page]

Jump to content

Анбарзо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анбарзо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Physeter macrocephalus Linnaeus, 1758
Мутародифот

На видовом уровне:

На родовом уровне:

Ареал
тасвир

  суша

  места обитания

Вазъияти ҳифз

Анбарзо, гови анбарзой, кашало́т[1] (лот. Physeter macrocephalus) — ҷонварест обӣ. Бино ба таснифоти зоологӣ ба гурӯҳи китҳои дандондор мансуб аст.

Намуди зоҳирӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарозии анбарзои нарина 20 м (анбарзои модина то 15 м), вазнаш то 70 т (анбарзои модина то 30 т) мешавад. Анбарзо сари хеле калон (то 1/3 ҳиссаи дарозии тан) дорад. Сӯрохи чапи бинии анбарзо дар нӯги фук ҷойгир буда, сӯрохи рости он дар зери пӯст қарор гирифтааст. Анбарзоҳо дар пешонӣ халтаи ҳавоӣ доранд, ки барои муддати дароз дар зери об истодан хидмат мекунад. Дар байни устухонҳои ҷоғи боло халтаи калони равған (то 6 т) ҳаст, ки спермасет ном моддаи сафед захира менамояд. Ҷоғи поёни анбарзо 18 — 30 ҷуфт дандон дорад, ҷоғи болояш бедандон аст. Боли шиноварии зери синаи анбарзоҳо паҳн ва нӯгаш муддавар буда, боли тахтапушт ба шакли кӯҳони дарозрӯя аст. Ранги анбарзо бӯр ва қаҳвагуни сиёҳ мебошад.

Анбарзои нарина дар ҳама уқёнусу баҳрҳои кушод (ғайр аз Арктика) ва анбарзои модина дар минтақаҳои гарм (байни 40° арзи ҷанубӣ ва 40° арзи шарқӣ) дучор меояд. Анбарзо дар ҳолатҳои муқаррарӣ бо суръати 9 — 13 км/соат шино мекунад. Ғизои анбарзо нармбаданҳои сарпо, калмарҳо, тюлен, парандаҳои обӣ ва моҳист. Мушакҳои анбарзо миоглобини бисёр доранд ва дар хун захира шудани дуоксиди карбон (IV) ба нафасгирии вай халал намерасонад. Бинобар ин анбарзо дар зери об то 1,5 соат истода метавонад. Ба як анбарзои нарина 10 — 20 анбарзои модина ҷуфтӣ мешавад. Баъди 14 — 16 моҳ бачаҳои анбарзо ба дунё меоянд, ки дарозиашон 3,5 — 5 м аст. Модинаҳо 10 — 15-сарӣ ҳамроҳ шино мекунанд. Анбарзо дар 5 сол болиғ шуда, то 50 сол умр мебинад.

То солҳои наздик анбарзо барои гӯшт, равған (7 — 10 т), сперматсет, анбар шикор карда мешуд. Ҳоло онро шикор намекунанд.

  1. Томилин А. Г. Отряд Китообразные (Cetacea) // Жизнь животных. Том 7. Млекопитающие / под ред. В. Е. Соколова. — 2-е изд. — М.: Просвещение, 1989. — С. 371—373. — 558 с. — ISBN 5-09-001434-5