[go: up one dir, main page]

Jump to content

Амур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амур
хит. 黑龙江
Мушаххасот
Ҳавза 1 855 000 км²
Сарфи об 12 800 м³/с
Ҷараёни об
Сарчашма дарёҳои якҷоя: Аргун ва Шилка
  Баландӣ 304 м
  Координатаҳо 53°20′00″ с. ш. 121°28′53″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ 0
  Мавқеъ 52.9911/141.0467
Мавқеъ
Кишварҳо Хитой/Русия
Минтақа Хэйлунсзян
Рӯйхати оби Русия
20030300112118100000012
Рамзи ҳавза 20.03.03.001
Рамзи ТҲ 118100001
Ҷилди ТҲ 18 (нашр 1)[1]
Амур
дар Викианбор

Аму́р (чинии сунатӣ: 黑龍江, сода: 黑龙江, пинйин: Hēilóng-jiāng, палл.: Хэйлунцзян; ин номро Амур 17 кашшофони рус додаанд; муғулӣ: Хара-Мурэн — сиёҳдарё) — калонтарин дарёи Шарқи Дур. Аз як шудани дарёҳои Шилка ва Аргун оғоз ёфта, ба халиҷи Амури Баҳри Охота мерезад. Дарозиаш 2824 км, аз саргаҳи Аргун (Хайлар) 4440 км.

Мавқеи ҷуғрофӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳавзаи Амур дар ҳудуди 3 давлат — Русия (54 %), Хитой (44,2 %) ва Муғулистон (1,8 %) воқеъ буда, 1855 ҳазор км2 масоҳат дорад. Қисми зиёди ҳавзаи Амур дар Русия (вил-ҳои Чита, Амур, Вилояти Мухтори Яҳудиён ва кишвари Хабаровск) ҷорӣ мешавад. Шабакаи гидрографии Амур 10610 дарё ва 61426 кӯлро дар бар мегирад. Амур дар болообаш аз водии тангу чуқур бо суръат ҷорӣ гашта, баъди ҳамроҳ шудани Зея аввал ҳамвории Зея-Бурея, пас қ-кӯҳи Хингани Хурдро бурида мегузарад ва ба пастии Амури Миёна мебарояд. Дар ин ҷо ҷараёни Амур суст ва ба шохаҳо тақсим шуда, то резишгоҳ аз водии васеъ ҷорӣ мешавад. Амур ҳар қадар поёнтар равад, фарох ва бузургтар гашта, паҳноии он дар ҷараёни поёнаш то 4 — 6 км мерасад. Дар резишгоҳ тунукоби (лимани) васеъ ба вуҷуд овардааст, ки 48 км тӯл мекашад. Қариб 80 фоизи манбаи оби Амур аз боронҳои тобистону тирамоҳ аст. Дар давраи боронгарӣ Амур туғён карда, аз соҳилҳо мебарояд ва бари он аз 10 то ба 25 км мерасад. Давраи камобиаш — ох. зимистон. Ноябр ях баста, яхи болообаш моҳи май ва поёнобаш апрел об мешавад. Шохобҳои калонаш: Зея, Бурея, Амгун — аз чап, Сунгарӣ, Уссурӣ — аз рост. Захираи энергетикии Амур бузург буда, иқтидори потенсиалии ҳавзаи он ба 45 млн кВт ва иқтидори энергияи саноатиаш ба 15 млн кВт мерасад.

Аз ҷиҳати гуногунии моҳӣ (108 намуд) Амур дар Русия ҷойи аввалро мегирад. Дар он калуга — бузургтарин моҳии дарёӣ вомехӯрад. Моҳиҳои шикорбобаш кета, горбуша, тосмоҳӣ, лаққамоҳӣ, белугаи амурӣ ва ғарб Тамоми Амур киштигард буда, муҳимтарин роҳи обии Шарқи Дур аст. Дар соҳили Амур шаҳрҳои Амурск, Благовешенск, Хабаровск, Комсомолски Амур, Николаевски Амур (Русия) ва Хэйхэ (Хитой) воқеанд. Ҳавзаи Амур конҳои ангишт, тило дорад. Солҳои охир дар натиҷаи сохтани сарбандҳо дар соҳили рост, наздикиҳои Хабаровск оби Амур кам, дар шохобҳои Бешеная ва Пемзенская баръакс зиёд шуд. Дар ин шохобҳо аз соли 2005 корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба роҳ монда шудааст, то хатари зери об мондани иншооти гидротехникӣ, маҳалҳои аҳолинишини соҳили чапи Амур бартараф карда шавад. Фаъолияти истеҳсолӣ дар соҳили муқобил (Хитой) ба солимии экологии Амур таъсир расонда, дар таркиби об нефт, фенол, нитрат ва дигар унсурҳои микробиологӣ аз меъёри ҷоиз зиёд шуда истодааст.

  1. Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 18. Дальний Восток. Вып. 1. Амур / под ред. С. Д. Шабалина. — Л.: Гидрометеоиздат, 1966. — 487 с.