[go: up one dir, main page]

Jump to content

Адигея

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Адигея
адигеӣ Адыгэ Республик
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Anthem of the Republic of Adygea[d]
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Майкоп
Роҳбар Anzaur Kerashev[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1991
Масоҳат
  • 7 600 км²
Вақти минтақавӣ MSD[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 RU-AD
Коди телефон 877
Коди мошинҳо 1
Вебгоҳи расмӣ(рус.)
Адигея дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Адигея — Ҷумҳурии Адигея (Адигэ Республик), субъекти Федератсияи Россия, мансуби Округи федералии Ҷануб. Дар қисми шимолу ғарбии Кавказ, дар соҳили чапи дарёҳои Кубан ва Лаба воқеъ буда, бо ҳудуди кишвари Краснодар иҳота гардидааст. Масоҳаташ 7,8 ҳазор км2, аҳолиаш 442,7 ҳазор нафар (2006). Пойтахташ шаҳри Майкоп. Аз ду округи шаҳрӣ – Майкоп ва Адигейск, 7 ноҳияи мунитсипалӣ, 43 ҷамоат ва 225 нуқтаи аҳолинишин (асосан дар деҳот) иборат аст. Конститутсияи амалкунандаи Республикаи Адигей 10 марти 1995 қабул шудааст. Декабр 1991 – январ 1992 интихоботи намояндагон ба Шӯрои Олии мамлакат баргузор гардида, аввалин парламент таъсис ёфт. Он соли 1993 ба Шӯрои Қонунбарор (Хасэ) ва соли 1995 ба Шӯрои Давлатӣ – Хасэ (Государственный Совет – Хасэ) табдил ёфт. Роҳбари давлат Президент буда, ба муҳлати 4 сол интихоб мешавад.

Қисми шимолии Адиге асосан аз ҳамворӣ (ҳамвории назди Кубан), қисми ҷанубӣ аз доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои Кавкази Калон иборат аст. Иқлимаш континенталии мӯътадил. Ҳарораташ миёнаи январ – 1,6 °С, июл – 22°С. Боришоти солона қариб 700 мм. Дарёҳои асосии Адиге: Кубан (киштигард) ва шохобҳои он – Лаба, Белая, Пшиш. Обанборҳо дорад. Замини Адиге асосан сиёҳхок буда, 39 фоизи ҳудудаш бешазор аст (аксар дар қисми кӯҳсор). Бештар дарахтони булут, заранг, шумтол, арча, санавбар ва ғайра мерӯянд. Дар Адиге минтақаҳои ҳифзи табиат, аз ҷумла Мамнӯъгоҳи давлатии биосферии Кавказ (қисмаш дар ҳудуди кишвари Краснодар) ва Боғи миллӣҳастанд.

Дар Адиге намояндагони миллату халқиятҳои гуногун – адигейҳо (24,2%), русҳо (64,9%), арманиҳо (3,4%), украинҳо (2,0%), инчунин курдҳо, тоторҳо, белорусҳо, юнониҳо, озарбойҷониҳо, чеченҳо ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ 56,8 нафар дар 1 км2; 52,6% дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд.

Ҳудуди Адиге аз давраҳои хеле қадим маскун шудааст. Аҷдоди адигейҳо меотҳо, синдҳо, ахейҳо ва ғайра буданд. Дар ноҳияи Майкоп бошишгоҳи давраи палеолити Абадзех, ёдгориҳои археологии асрҳои биринҷу оҳан кашф шудаанд. Қалъаву манзил, бурҷҳои мудофиавию ибодатгоҳҳои қадимаи аз давраи меотҳо маҳфузмонда хеле ҷолибанд. Дар илми бостоншиносӣ мафҳуми «Маданияти археологии Майкоп» машҳур буда, ёдгориҳои мегалитӣ – долменҳои (қӯрғонҳои нимаи дуюми ҳазорсолаи 3 то м.) дар ҳудуди Адиге маҳфузмонда ва махсусан маҷмааи «Хазинаи тилоии сакоиҳо» («Золото скифов») ё «Тилои Кубан» («Золото Кубани»)-ро дар олам медонанд ва намунаҳои олии онро сари чанд вақт дар осорхонаҳои бузурги ҷаҳон ба намоиш мегузоранд. Дар давраи Ҷанги Кавказ (1859 – 1864) аксари адигейҳо ба ҳудуди Империяи Усмонӣ гузаштанд, боқимондаро ба ҳамвориҳои соҳили чапи дарёи Кубан кӯчонданд. То ибтидои садаи XX дар Адиге сохти обшинагӣ-ҷамоатӣ ва урфу одатҳои авлодӣҳукмрон буд. Солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Адиге чун дар дигар ҷумҳуриҳои Иттифоқи Советӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. 27 июли 1922 Адиге чун Вилояти Мухтори Черкес (Адиге) таъсис ёфта (дар сарзамини Республикаи Советии Кубану Баҳри Сиёҳ, марказаш шаҳри Краснодар), минбаъд дар ҳайати ҳудуди маъмурии кишвари Кавкази Шимолӣ (1924 – 1934), кишвари Азову Баҳри Сиёҳ (1934 – 1937) ва ниҳоят, кишвари Краснодар буд. Адигеро аз августи 1942 то январи 1943 қӯшунҳои Германияи фашистӣ ишғол карда, ба он зарари калон расонданд. 24 марти 1992 Республикаи Мухтори Советии Сотсиалистии Адигей Республикаи Адигей дар ҳайати Федератсияи Россия эълон шуд.

Адиге захираҳои бойи ҷангал (сеяки ҳудуди онро фаро гирифтааст), гази табиӣ, маводи бинокорӣ (шағал, оҳаксанг, рег ва ғайра) ва конҳои начандон калони тило дорад. Адиге республикаи индустриявию аграрӣ мебошад. Дар Адиге саноатҳои хӯрокворӣ (консервбарорӣ, майкашӣ, равғанкашӣ), мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, чӯбу тахта ва селлюлозаю коғаз, коркарди металл, канабу арғамчин, дӯзандагӣ ва ғайра; дар соҳаи кишоварзӣғаллакорӣ (гандум, ҷуворимакка), сабзавоткорӣ, гиёҳпарварӣ, кишти зироатҳои техникӣ (тамоку, равғани эфир), чорво­дорӣ, занбӯриасалпарварӣ, парандапарварӣ инчунин парвариши аспҳои хушзот тараққӣ кардааст. Адиге шабакаи роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард, нақлиёти ҳавоию обӣ дорад. Дар Адиге туризм тараққӣ кардааст, захираҳои ғании шикорӣ дорад (сайёҳони шикордӯст зиёд меоянд). Хатсайрҳои сайёҳии аспсаворӣ ва кӯҳнавардӣ мавҷуданд. Пойгоҳҳо ва лагерҳои туристӣ якбора 1500 сайёҳро қабул карда метавонанд. Аз соли 1992 ҳар сол таҳти шиори «Дӯстии халқҳои Кавкази Шимолӣ» мусобиқаҳои велосипедронии бисёррӯза (сайрхат: Майкоп – Краснодар – Ставропол – Черкесск – Пятигорск – Налчик – Владикавказ) ва туризми обии «Интерралли – Белая» гузаронда мешаванд, ки ба таҳкими дӯстии халқҳои ҷануби Россия равона шудаанд. Хат ба забони адигеӣ баъди Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба вуҷуд омадааст. Адабиёти муосири адигей ҳам дар давраи советӣ инкишоф ёфта, аз эпоси Нарт, ки дар он тасаввуроти олам, хираду фалсафаи пешиниён равшан инъикос ёфтааст ва инчунин аз эҷодиёти шифоҳии халқ сарчашма гирифтааст. Асосгузори насри адигей Т. Карашев бо романҳои «Ҷодаи бахт» (Мукофоти давлатии СССР, 1948), «Мусобиқа бо орзу» (1955), повести «Духтари шапсугҳо» (1951) машҳур гаштааст. Минбаъд дар соҳаи наср адибон Д. Костанов, Ю. Тлюстен, Х. Ашинов, Г. Немченко қувваозмоӣ карданд. Асосгузори назми адигей А. Хатков (1901 – 37) ҳаёти нав ва хислатҳои беҳтарини инсонро тараннум кардааст. Ашъори Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Х. Андрухаев (1920 – 41) саршори эҳсосоти баланди шоирона аст. Достони «Рӯза», маҷмуаи ашъори «Суруди хушбахтон» ба қалами М. Паранук (1912 – 70) тааллуқ доранд. Шоирон С. Яхутл, К. Жанэ, А. Гадагатл ва махсусан Нависандаи халқии Адигей, дорандаи Мукофотҳои давлатии СССР ва Россия, раиси Иттифоқи нависандагони Адигей И. Ш. Машбаш адабиёти адигейро ба зинаҳои баланд бароварданд. Маданияти мусиқии адигейҳо аз суруд ва оҳангҳои рақсӣғанист. Дар солҳои 30 садаи XX аввалин бор эҷодиёти сарояндаи халқӣ Тсуг Теучеж сабт шуда буд. Имрӯз номи намояндаи мусиқии касбии кишвар Артисти халқии Федератсияи Россия ва Республикаи Адигей, Ходими хизматнишондодаи санъати Россия, дорандаи Мукофоти давлатии Республикаи Адигей, узви Иттифоқи композиторони Россия У. Х. Тхабисимов машҳури ҷаҳон гаштааст. Дар А. Театри республикавии драмаи А., Театри мусиқии камеравии А., Театри драмаи русии ба номи А. С. Пушкин, Театри лӯхтаки «Шоколад», Филармония, Ансамбли давлатии рақсии «Налмэс» фаъолият доранд. Барномаи консертии дастаҳои ҳунарӣ, одатан, аз суруду оҳангҳо ва рақсҳои адигеию русӣ мураттаб мешаванд. Адиге дорои Донишгоҳи давлатии Адигей ва Донишгоҳи давлатии технологӣ (ш. Майкоп) мебошад. Институти варзиш ва ҷуду на чун муассисаи мустақил, балки ҳамчун таълимгоҳи махсуси назди Донишгоҳи давлатии Адигей фаъолият дорад. Адиге дорои 8 музейи давлатӣ ва 23 музейи ҷамъиятӣ мебошад. Музейи миллии Адиге маҷмӯъҳои нодири археологӣ, этнографӣ ва табиӣ дорад. Аз ҷумла бахши мутааллиқ ба ҳаёту маишати адигейҳо хеле ҷолиб аст. Дар Майкоп филиали Музейи давлатии халқҳои Шарқ (шаҳри Москва) ва Нигористони мусаввараҳо фаъолият доранд. Дар ҳунарҳои халқӣ гулдӯзию зардӯзӣ, ҳаккокию кандакорӣ бартарӣ доранд. Санъати касбии рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ дар А. дар давраи советӣ ба вуҷуд омад (рассомони намоён В. Долгов, В. Мекед, Д. Мелников; ҳайкалтарош Д. Меретуков).