Итминон
Итминон (ар. إطمینان ‒ эътимод, оромиш, осудагӣ) — оромиш пас аз нигаронӣ; оромиши инсон ба чизе, ки бовар дорад ва ба он дилгарму хотирҷамъ шуда, гумону дудилиро ба худ роҳ надиҳад.
Дар тасаввуф оромишу таскинеро гӯянд, ки нафс ба андоза аз ёфти худ ҳосил кунад. Итминон оромиши доимии дили солик буда, боиси тақвияти аҳволи ӯ дар сулук мешавад. Итминонро ба се навъ ҷудо кардаанд: Аввал, итминони омма ‒ оромише, ки аз адои фарзҳо ва зикри Худои таъоло, рафъи бало, иҷобати дуоҳо, кушоиши рӯзӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Дуввум, итминони хоссони тариқат, ки аз розӣ шудан ба қазои Ҳақ ва сабру шикебоӣ дар муқобили мусибатҳо ҳосил мешавад. Сеюм, итминони хоссулҳоссон ва комилон, ки ба иллати адами ниҳоят ва ғояти муродашон наметавонад холӣ аз ҳайбату адами сукун бошад. Тақсимбандии итминон дар «Сад майдон»: 1. итминон бар нақд ‒ итминоне, ки омма ва ғофилонро бо доштани моли дунё, таъмини зиндагӣ ва ғ. ҳосил шавад, оқилонро бо таҷриба ва такрор дар мавридҳои зиндагӣ ва ғайри он ба даст ояд, мухлисону аҳли зуҳдро ба замонати музди савоби дунёву охират муяссар гардад. 2. Итминон бар умед, ки солик онро аз интизори музди тоат, ниҳояти кӯшишҳо ва риёзатҳои худ ба даст орад. 3. Итминон бар меҳр, ки аз машғулияти куллӣ бо ёду кору муҳаббати Ҳақ тавлид шавад.
Дар ахлоқ итминон ба эътидоли сифоту ҳолоти инсон ва суботи шахсияти инсон гуфта мешавад. Гоҳе ҳадаф аз итминон эътимод дар кор ва ё таваққуи умеди фаровон ба он аст. Итминон ду навъ аст: ҳиссӣ ва нафсонӣ. Итминони ҳиссӣ ба маънои оромишу истиқрори бадан ва итминони нафсонӣ оромиши нафс нисбати чизест, ки ба он иттилоъ ва огоҳӣ ёфтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Итминон / С. Наимӣ // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.
- دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ١. تهران، ١٣٧٧ ش.؛
- گهورین سید صادق. شرح اصطلاحات تصوف. جلد ٧. تهران، ١٣٨٢ ش.؛
- انصاری عبدالله. صد میدان (ترجمۀ فارسی). قم، ١٣٩١ ش