[go: up one dir, main page]

Jump to content

Додхост

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Додхост, арзнома, петитсия (лот. petitio — дархост) — шакли дастаҷамъии муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ё худ идораи маҳаллӣ дар хусуси қабули санади ҳуқуқӣ, ё қарор (чун қоида, бо якҷоя пешниҳод кардани лоиҳа), ё ки дида баромадани масъалаи мазкур дар маҷлиси мақомот.

Арзнома бояд шумораи муайяни имзои шаҳрвандон бо нишондоди ҷойи истиқомати онҳоро (мумкин аст боз маълумоти дигар ҳам пешниҳод гарданд) дар бар гирад. Имзогузории чунин шумораи шаҳрвандон ба арзнома мақомоти салоҳиятдорро водор месозад, ки ҳарчанд ба таклифҳои лоиҳа розӣ набошад ҳам, масъалаи гузошташударо ҳаллу фасл намояд. Ҳуқуқ ба пешниҳоди арзнома дар қонунгузории конститутсионӣ танзим ёфтааст. Ҳуқуқи якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кардани шаҳрванд дар моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Конститутсияи бархе аз мамлакатҳо барои баъзе шахсони дар хизмати давлатӣ буда фақат ҳуқуқи муроҷиати фардиро кафолат додааст.