[go: up one dir, main page]

Ваҳм (ар. وهم‎ — гумон, пиндошт, он чи аз дил ё аз ха­ёл гузарад, тасаввури ғалат) — ҳолати рӯҳии инсон, азсаргузаронии тарси шиддатнок, муболиғаомез ва беасос, ки боиси ихтилоли зиндагии ҳаррӯзаи ӯ мешавад.

Ваҳм аз тарси маъмулӣ, ки вокуниши зудгузар ба як омили хатарноки берунӣ мебошад, фарқ мекунад. Ваҳм тарси шиддатнок ва беасос буда, ба объект, инсон ва ҳолати муайян алоқа­манд аст. Ваҳмро аз рӯйи нишонаҳои зерин ба осонӣ муайян кардан мумкин аст: на­фастангӣ, дилзании шадид, сустии бадан, арақи сарди бисёр, эҳсоси тарси сахт, даҳ­шат, ларзиши андом, қайкунӣ ва ихтилоли кори меъда. Намудҳои гуногуни ваҳм мав­ҷуданд. Ваҳми махсус — тарс аз вазъият ва объекти муайян ме­бошад. Ваҳм бештар дар одамони оиладор, аз ҷумла дар занҳо нисбат ба мардҳо ду бор бештар эҳсос мешавад. Агар одам бо объекти тарси худ кам рӯ ба рӯ шавад, зарари ҷиддӣ намебинад. Вале агар ӯ бо сабаби тарси худ доиман рӯ ба рӯ шавад, ин метавонад зиндагиашро халалдор кунад. Мисолҳои маъмултарини ваҳми махсус, ки дар ҳамаи синнусол вомехӯ­ранд, тарс аз мор, ҳашарот, саг, хонаи торик, парвоз кардан, ҷойҳои баланд ва амсоли инҳо мебошанд. Шахси гирифтори ваҳм аз баъзе ашё метарсад ва аз онҳо дурӣ меҷӯяд. Чунончи, баъзеҳо аз ашёи нӯгтез ҳарос доранд ва метарсанд, ки дасташон ё ягон узви баданашонро буранд ё шахси дигареро маҷрӯҳ кунанд. Баъзеҳо аз шиноварӣ, ё аз зинапоя боло баромадан, ё аз мо­шинасаворӣ ва ғ. метарсанд. Шахсони гирифтори ваҳми иҷтимоӣ метарсанд, ки одамон ба онҳо менигаранд, онҳо­ро дар ҷамъият муҳоки­ма мекунанд ва ғ. Ин метавонад тадриҷан ба тарси умумӣ аз вазъияти иҷтимоӣ расонад ё боиси ваҳми махсус гардад. Масалан, шахс аз сухан гуфтан ё ба саҳна баромадан метарсад. Бисёр вақтҳо ашхоси мубталои ваҳми иҷтимоӣ аз даромадан ба мабрази умумӣ, хӯрок хӯрдан дар тарабхона ё имзогузорӣ дар ҳузури одамон ҳарос доранд.

Ваҳми иҷтимоӣ ва шармгинӣ як чиз нестанд. Одамони шармгин худро дар ҳузури дигарон нороҳат ҳис мекунанд, вале онҳо нооромии шадидро эҳсос намекунанд ва аз авзои барои худашон номуътамад намегурезанд. Ашхоси гирифтори ваҳми иҷтимоӣ шояд шармгин набошанд: онҳо метавонанд худро бо одамон, ба истиснои вазъият­ҳои муайян, хуб ҳис кунанд. Ваҳми иҷтимоӣ, мисли дигар намудҳои ваҳм, имкон дорад сабук мегузарад ва ҳамчунин имкон дорад ба зиндагии бошуурона халал расонад. Барои одамоне, ки аз чунин ҳолати рӯҳӣ азият мекашанд, даст­кашӣ аз кор ё муошират бо одамон воситаи хуби раҳоӣ мебошад.

Дар ибтидо шахси мубталои ваҳмро тарбия кардан осон аст. Ҳангоми беэътиноӣ кардан ваҳм бо мурури замон дар рӯҳия (психика)и инсон мустаҳкам мешавад, ки дар оянда мушкилоти зиёдеро пеш меорад. Усули аз ҳама маъмули тарбияи шахси мубталои ваҳм ӯро ба манбаи ҳаросаш наздик кардан аст. Масалан, агар шахс аз саг тарсад, нахуст ӯро ба саги пузбаста наздик намудан даркор аст. Баъд аз бартараф шудани ваҳм шахс тадриҷан ба саги бепузбанд наздик карда мешавад. Ҳамаи ин амалиёт зери назорати равоншинос мегузорад.

Файласуфони пешини мо маншаи хатои зеҳнро қувваи воҳима дониста, таъсири авомили маънавиро ба мизони таъсири онҳо дар тасхири қувваи ваҳм вобаста мекарданд. Аз ҷумла, ба қавли Ибни Сино, ваҳм тобеи ҳис аст ва ҳар чӣ на мувофиқи маҳсус бошад, пеши ваҳм мардуд бошад (Ишорот ва танбеҳот. Абуалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ. 1, саҳ. 167). Ибни Арабӣ ваҳмро султони аъзам дар нашъати суварияи комилаи инсония тафсир кардааст. Ба қавли ӯ, «азбаски ваҳм ҳоким аст бар мудракоти ақлия ба танзеҳ ва таш­беҳ, авҳом қавитар бошанд аз ҷиҳати ғалаба ва султон дар ин нашъати унсурия аз уқул, чи оқил агарчи ба камоле, ки ба мунтаҳои ақл аст, расида бошад, халос намешавад аз аҳкоми ваҳм бар вай ва мудрикоти ақлияи ӯ аз сувари зеҳния мутаҷаррид намегарданд. Пас, ваҳм султони аъзам аст дар ин нашъати сурати комилаи инсония ва шароеъи муназзала низ бар ин наҳҷ ворид шудааст».

Адабиёт

вироиш
  • Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб Ҷ. 1. Д., 1982;
  • Краткий психологический словарь. М., 1984;
  • Дьячинко М. И. Краткий психологический словарь. Минск. 1998.